Ссылки доступа

Дастгоҳи президенти Қирғизистон: Муколамаҳои сиёсӣ бо Тоҷикистон идома доранд


Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Жээнбек Кулубоев раванди гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистонро шарҳ дод.

Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, гуруҳҳои кории топографии ду кишвар оид ба таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ моҳе ду бор мулоқот мекунанд ва баъди ба поён расидани кори гуруҳҳо гуфтугӯҳо дар сатҳи раҳбарони давлатҳо идома хоҳад кард.

"Мо мехоҳем як саҳифаро пӯшида, саҳифаи наверо оғоз кунем. Муҳим манфиатҳои ҳар ду кишвар ба инобат гирифта шавад. Ҳеч тарафе набояд бозад. Бигузор, коршиносони ду кишвар баррасӣ кунанд ва вақте онҳо ба созиш расиданд, гуфтугӯҳо дар сатҳи байниҳукуматӣ оғоз мешаванд. Раҳбарони минтақаҳои марзӣ низ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар сатҳи худ кор мекунанд. Ин муҳим аст. Мо дар Бишкек ё Душанбе нишаста, намедонем, ки дар онҷо чи гап аст. Сокинони маҳаллӣ хубтар медонанд. Вазифаи давлат ҳам ташкили шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон аст. Бинобар ин, ҳоло ҳамаи ниҳодҳои марбут ба марзҳои давлатӣ фаъолона кор мекунанд. Мо пешравиро мунтазир ҳастем", - изҳор дошт Кулубоев.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километр буда, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар он даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез боқӣ мондаанд. Аз ин сабаб аҳёнан байни сокинон ва низомиёни ду кишвар низоъхо, аз чумла бо истифодаи аз силоҳ ба амал меоянд. Феълан Комиссияи ҳукуматии ду кишвар музокирот дар бораи таъину аломатгузорӣ дар марзро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG