Ссылки доступа

UNICEF маоши муаллимони Афғонистонро ба таври мустақим, бе дахолати Толибон мепардозад


Ученицы одной из кабульских школ. Архивное фото
Ученицы одной из кабульских школ. Архивное фото

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё UNICEF гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир раванди сабти муаллимони мактабҳои духтарона ва писарона дар Афғонистонро оғоз кардааст ва мехоҳад, ки ҳарчӣ зудтар маошҳои онҳоро ба таври мустақим ва бе мудохилаи Толибон бипардозад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кумакҳои худро ба ҳукумати Толибон қатъ кардааст. Раиси бахши таълимии Сандуқи ҳимоят аз кудакони Созмони Милали Муттаҳид бо фиристодани як паём ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки "ин созмон маошҳои муаллимонро ба таври мустақим ба онҳо мепардозад, бидуни онки ба мақомот супурда шавад".

Муаллимони афғон давоми моҳҳои ахир борҳо аз Толибон хостанд, ки мушкилоти онҳоро дарк ва ҳарчӣ зудтар ҳал кунад. Бархе муаллимони афғон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки агар маоши муаллимон пардохт нашавад, мактабҳои духтарона, ки то синфи шашум боз аст, низ баста мешавад.

Масъули бахши таълимии Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони СММ барои Афғонистон ба ин назар аст, ки беҳтарин роҳи ҳимоят аз омузиши духтарон ин аст, ки аз мактабҳо ва муаллимони онҳо пуштибонии молӣ сурат бигирад. Вай мегуяд, ниҳодҳои кумакрасон бояд нагузоранд, ки кудакони Афғонистон аз омузиш маҳрум шаванд.

Муаллимон дар Афғонистон аз чор моҳ ба ин тараф маош нагирифтаанд. Пас аз ба қудрат расидани Толибон хадамоти умумӣ, ба хусус дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф ба буҳрон рубару шуд. Бисёре аз кишварҳо кӯмакҳои башарии худро ба Афғонистон қатъ карданд. Аз сӯи дигар, миллиардҳо доллари Бонки марказии Афғонистон, ки дар Амрико ва Аврупо нигаҳдорӣ мешуд, блок шудааст.

Толибон мактабҳои духтарони болотар аз синфи шашро ба истиснои Кундуз, Балх, Самангон ва Ҷузҷон дар дигар вилоятҳои Афғонистон бастанд.

Дар ҳамин ҳол, як масъули ҳукумати Толибон ҳафтаи ҷорӣ ба "Рейтерз" гуфтааст, ки талошҳо барои бозкушоии мактабҳои духтарон идома дорад ва ба зудӣ як хабари хуше нашр хоҳад шуд.

Ваҳидуллоҳ Ҳошимӣ, масъули барномаҳои хориҷӣ ва кӯмакҳо дар Вазорати маорифи ҳукумати Толибон мегӯяд, "дар бораи бозкушоии мактабҳои духтарона бо шуморе аз муассисаҳои байналмилалӣ, ба хусус UNICEF кор мекунем, то як роҳи ҳали беҳтар пайдо шавад".

Гуруҳи Толибон рузи 15-уми августи имсол пас аз фирори президенти вақт Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуд ва қудратро ба даст гирифт. Бо вуҷуди талошҳои Толибон ва ҳомиёни хориҷиашон, ҳануз ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст.

XS
SM
MD
LG