Ссылки доступа

Расонаҳо: домоди Назарбоев соҳиби шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шудааст


Баъди ним соли шахсисозии шабакаи давлатии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории "КазМунайГаз" ширкати "Joint Technologies" ба шумори муассисони он шомил шуд.

"Joint Technologies" ба Тимур Қулибоев, домоди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тааллуқ дорад. Дар ин бора маҷаллаи Forbes рӯзи 4 ноябр хабар дод.

Шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории "КазМунайГаз" моли апрели соли 2019 дар ивази 163 миллион доллар шахсӣ шуда буд. Ширкати шахсӣ эълом кард, ки нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро аз "КазМунайГаз" ба "Qazaq Oil" табдили ном мекунад.

Тимур Қулибоеви 54-сола роҳбари Эътилофи созмонҳои нафту газ ва маҷмуаи энержии KAZENERGY, узви шӯрои мудирони ширкати русии "Газпром", раиси Кумитаи миллии олимпӣ ва роҳбари Федератсияи бокси Қазоқистон аст. Дороии вай дар якҷоягӣ бо ҳамсараш Динара, духтари Назарбоев, 5,6 миллиард доллар баҳо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG