Рӯзи 4 ноябр ҷонибҳо санади таслим ва қабули кӯмакҳоро имзо карданд.
Соли 2021 барои Қирғизистон ва дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ хушксолӣ ва камобӣ ба бор овард. Бисёре аз кишоварзон натавонистанд, ҳосил бардоранд ва чорводорон ба далели хушкӣ зиёни зиёд диданд.
Мақомоти Қирғизистон дар талоши таъсиси захираи давлатии маҳсулоти кишоварзӣ, маводи хом ва ғизо ҳастанд.
Улуғбек Марипов, раиси пешини девони вазирони Қирғизистон гуфта буд, барои захираи маҳсулоти ғизоӣ аз буҷаи кишвараш 1,5 млрд сом ҷудо шудааст.