Ссылки доступа

Узбекистон тағйири хати марзро баъди эътирози қирғизҳо қатъ кард


Ўзбекистон-Қирғизистон чегарасидаги ўтказиш пунктларидан бири.
Ўзбекистон-Қирғизистон чегарасидаги ўтказиш пунктларидан бири.

Низомиёни Узбекистон 4 ноябр тағйири хатти марзи давлатии ин кишвар бо Қирғизистонро дар вилояти Бодканд қатъ карданд.

Раиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон Учкунбек Жоробоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, марзбонони Узбекистон субҳи 4 ноябр ба деҳаи Киштути ноҳия экскаватор оварда, тағйири хатти марзро оғоз карданд. Вале сокинони Киштут ба нишони эътироз ҷамъ шуданд.

"Узбекистон мехост, марзи худро тавассути деҳаи Киштут, ки ҳар ду ҷониб дар мавриди он ба созиш расидаанд, бикашад. Вале сокинон ҷамъ шуданд. Сипас мақомоти узбек бо раҳбарияти ноҳияи Бодканд ва марзбонони қирғиз мулоқот карда, тағйири хатти марзро қатъ карданд. Дар асл он минтақа ба Узбекистон тааллуқ дорад", - изҳор дошт ӯ.

Ҷониби Узбекистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG