Ссылки доступа

Туфони чангу ғубор дар Қазоқистон: Даҳҳо кас дармонданд


Беш аз 40 нафар 4 ноябр ба далели туфони чангу ғубор дар шоҳроҳи вилояти Туркистони Қазоқистон банд монданд.

"Ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингарди Берген ва Каражантак суст шуда, тамбашавӣ ба миён омад. Кормандони наҷот ба маҳалли ҳодиса рафта, 42 нафари дармонда, аз ҷумла чаҳор кудакро ба маҳалли зисташон расонданд", - омадааст дар иттилоияи Департаменти ҳолатҳои изтирории Қазоқистон дар минтақа.

Дар видеое, ки кормандони наҷот нашр карданд, гуфта мешавад, ба иллати туфони чангу ғубор дар роҳ чизеро дида намешавад.

Бино ба иттилои ҳавошиносони Қазоқистон, туфони чангу ғубор дар вилояти Туркистони он кишвар то 5-6 ноябр идома мекунад.

Туфони чангу ғубор шоми 4 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон мушоҳида рух додааст.

XS
SM
MD
LG