Ссылки доступа

Шамоли сахт дар Бухоро боми бинои ҳукуматро чапа кард


Здание администрации Пешкунского района

Боми бинои ҳукумати ноҳияи Пешкуи вилояти Бухорои Узбекистон 4 ноябр дар натиҷаи шамоли сахт канда шудааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин шамоли сахт, ки субҳи 4 ноябр вазид, дертар ба туфони чангу ғубор печида, боми бинои ҳукумати Пешкуро кандааст. Вале хушбахтона, касе осеб надидааст.

Дар ҳукумати Пешку гуфтанд, ки боми кандашуда 7-8 сол пеш сохта шуда, ба шамолҳои сахте, ки соли 2019 дар Бухоро вазиданд, тоб оварда буд.

Расонаҳои Узбекистон пештар аз туфони чангу ғубор дар Тошканд хабар дода буданд. Дар натиҷа чандин кас бо нишонаҳои нафастангӣ ба беморхона муроҷиат карданд.

XS
SM
MD
LG