Ба иттилои хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, яке аз мавзуъҳои мулоқот боз кардани гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон барои Қирғизистониҳое буд, ки зидди коронавирус эм шудаанд.
Манбаъ афзуда, ки вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар масъалаи мазкурро баррасӣ хоҳанд кард.
Гузаргоҳҳои марзии Қирғизистону Қазоқистон аз баҳори соли 2020 барои қирғизистониҳо баста мебошад. Шаҳрвандони Қирғизистон танҳо тавассути ҳавопаймо метавонанд ба Қазоқистон сафар кунанд. Дар ҳоле ки барои гузаштани шаҳрвандони Қазоқистон аз гузаргоҳҳои Қирғизистон ҳеч гуна маҳдудият пешбинӣ нашудааст.