Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёев қасам хӯрд ва ба даври дувуми раёсаташ оғоз кард


Шавкат Мирзиёев бо Қуръон ва Қонуни асосии Узбекистон қасам хӯрд ва ба даври дувуми раёсаташ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ (35 миллион аҳолӣ дорад) оғоз кард. Маросим рӯзи 6-уми ноябр дар шаҳри Тошканд гузашт.

Интихоботи президентии Узбекистон рӯзи 24-уми октябри имсол баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот Мирзиёеви 64-соларо баранда эълон кард. Мақомот гуфтанд, ӯ бештар аз 80 дар сади ройи интихобкунандаҳоро ба даст овардааст.

Ин дар ҳолест, ки нозирони ғарбӣ интихоботи президентии Узбекистонро "орӣ аз рақобати воқеӣ" донистанд. Ба намояндагони се ҳизби мухолиф иҷоза дода нашуд, ки номзадҳои худро сабтином кунанд.

Ҳоло Шавкат Мирзиёев саркӯби мухолифин ва фаъолон дар остонаи интихобот мавриди танқид қарор гирифтааст.

Бисёриҳо ӯро барои, ба гуфтаашон, ба пайравӣ аз ҳукумати авторитарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Узбекистон, накӯҳиш мекунанд, вале ӯ ва ҷонибдоронаш ин тасаввурро ғалат мепиндоранд.

Шавкат Мирзиёев соли 2016, пас аз марги Ислом Каримов, дар Узбекистон ба қудрат расид. Ӯ дар гузашта дар мансабҳои нахуствазир ва раиси Ҷиззаху Самарқанд кор кардааст.

Аз соли 1991 дар Узбекистон шаш интихоботи президентӣ баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG