Ссылки доступа

Паёмакрасони "Telegram" нашри рекламаҳоро оғоз кард


Павел Дуров

Паёмакрасони "Telegram" 7 ноябр бори нахуст паёмҳои расмии таблиғотӣ нашр кард. Пештар дар ин бора бунёдгузори шабака Павел Дуров хабар дода буд.

Паёми таблиғотӣ бо тамғаи "sponsored" дар зери навиштаҳои бузургтарин каналҳои "Telegram" ҷой дода хоҳад шуд.

"Telegram" нашри санҷишии паёмҳои таблиғотиро 4 ноябр оғоз карда буд.

Ба гуфтаи бунёдгузори "Telegram", паёмҳои таблиғотӣ танҳо дар бузургтарин каналҳои паёмакрасон, ки беш аз ҳазор обуначӣ доранд, нашр хоҳад шуд. Маводи таблиғотӣ дар гуруҳҳо ва паёмҳои хусусӣ нашр намешавад ва корбарон низ имкони хомуш кардани эъломҳои таблиғотиро дар "Telegram" хоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG