Ссылки доступа

Чаро музди кори кормандони агентиро кам карданд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чаро музди кори кормандони агентиро кам карданд? Дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ маоши кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ то 50 дарсад кам карда шудааст - маоши онҳое, ки поккории наҳру рудхонаҳо ва обёрӣ вазифаашон аст. Қарори коҳиши музди кор сабаби ҳайрат ва норозигии садҳо корманди ин идора дар Кӯлоб шудааст. (видео)

- Русия дар Тоҷикистон иҷозаи кор медиҳад? Русия дар Тоҷикистон маркази ҷалб ва омодасозии асноди муҳоҷирони корӣ ба кишварашро таъсис медиҳад. Аз ин ба баъд сокинони Тоҷикистон ҳанӯз дар Душанбе бо корфаромоёни рус қарордоди корӣ имзо карда, иҷозаи кор ва иқомат дар Русияро пайдо мекунанд. (видео)

- Ҳукумати "Толибон" истифода аз пули хориҷиро манъ кард. Ҳукумати "Толибон" рӯзи сешанбе эълом кард, ки истифода аз асъори хориҷӣ дар Афғонистон манъ аст. Ин тасмими "Толибон" метавонад, боиси варшикаста шудани иқтисоди ин кишвар шавад. Дар ҳоли ҳозир бо қатъи ногаҳонии кумакҳои байналмилалӣ, иқтисоди ин кишвар дар остонаи фурӯпошӣ қарор гирифтааст. (видео)

- Додситонӣ пурсидааст, чаро се тоҷиктабори Қирғизистон ҷазои "сабук" гирифтанд. Додситонии Қирғизистон бо ирсоли як номае аз додгоҳи вилояти Ботканд тақозо кардааст, ки сабаби ҷазои ба қавли додситонӣ сабук ба се шаҳрванди тоҷиктабори кишварро шарҳ диҳад. (видео)

- Вакилон гуфтанд, маводи хӯрокаи дуруст бихаред. Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки аз ширкату корхонаҳо талаб мекунад, ба Тоҷикистон маҳсулоти ғанисозишуда бо витаминҳои гуногунро ворид кунанд. Ҳадаф таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокаи баландсифат ва муфид барои саломатии инсон будааст. (видео)

- Мадина 70 рӯз боз беҳуш аст. Мадина Муҳаммадҷонова, зани ҷавоне, ки хабари шиканҷа шуданаш сарусадои зиёдро ба миён овард, ҳанӯз ҳам дар ҳолати кома ё беҳушист. Пизишкон мегӯянд, бахше аз майнаи сари ӯ осеби вазнин дидааст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG