Ссылки доступа

Эътирози соҳибони мошинҳои "русӣ" дар Қазоқистон


Даҳҳо соҳиби мошинҳое, ки бо рақамҳои давлатии Русия вориди Қазоқистон шудаанд, 8 ноябр ба нишони эътироз дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд.

Ронандагони норозӣ гуфтанд, кормандони пулис рӯзҳои ахир мошинҳоеро бештар боз медоранд, ки рақамҳои давлатии Русияро доранд. Ба гуфтаи ронандагон, ҳолатҳои ҷаримашавии соҳибони мошин ва интиқол ёфтани мошинҳо ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ афзоиш ёфтааст.

"Дар ин гуна мошинҳо асосан одамони одӣ мегарданд. Бинобар ин, амали кормандони пулисро мешавад фишор ба одамони одӣ гуфт. Бигузор, мақомот ба ҷои фишор роҳи дигареро биҷӯяд", - изҳор дошт яке аз таҷаммуъгарон.

Соҳибони ин навъи мошинҳо дар шаҳрҳои Семей, Костанай, Урал ва Оқтеппаи Қазоқистон низ таҷаммуъ карда буданд.

Як масъули Департаменти пулиси Нурсултон Елжан Чупеков ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, мошинҳое бояд тафтиш шавад, ки аз қайди Русия бароварда шудаанд, вале бо вуҷуд дар Қазоқистон бо рақамҳои русӣ истифода мешаванд.

XS
SM
MD
LG