Ссылки доступа

Дар шарқи Туркманистон зидди маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус эътироз доранд


Маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус дар шарқи Туркманистон боиси сар задани ҳамоишҳои эътирозии худҷуши сокинон шудаанд.

Даҳҳо фурӯшандаи бозори Туркмманободи Туркманистон 1 ноябр бо талаби кушодани дарҳои бозор роҳеро бастанд ва ронандагони автобусҳои шаҳр бо талаби бекор кардани карантин, ки беш аз ду моҳ мешавад, эълом шудааст, 5 ноябр корпартоӣ кардаанд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, ба корпартоии ронандагони ширкати мусофирбарии "Лебапавтоулаг" қарори нави раҳбарияти ширкат дар асоси фармоне аз Ишқобод сабаб шудааст. Дар фармон аз ронандагон талаб мешавад, ки шумори мусофирон дар дохили автобусҳо набояд аз даҳ нафар бештар бошад.

Бо ин ҳол раҳбарияти ширкат ҳаҷми маблағеро, ки ронандагон бояд рӯзона пардохт кунанд, кам накардааст. Ҳар як ронандаи ин ширкат рӯзона 300 манати туркманӣ бояд бипардозад.

XS
SM
MD
LG