Ссылки доступа

Сомонаи "Клооп" Комисияи интихоботи Қирғизистонро ба додгоҳ кашид


Бунёди иҷтимоии "Клооп Медиа" баъди рад шудани дархосташ аз сӯи Комисияи марказии интихоботи Қирғизистон дар бораи назорати интихоботи порлумонӣ, ба додгоҳи шаҳри Бишкек шикоят бурд.

Дар ин бора Элвира Султонмурод қизӣ, як масъули "Клооп Медиа" хабар дод. "Комисияи интихобот бо такя ба қонуни нав дар бораи интихоботҳо дархости моро рад кардааст. Аммо мо чаҳор маротиба ба ҳайси нозир дар интихоботҳои гузашта ширкат кардаву дар бораи қонуншиканиҳо гузориш навишта ва аз Комисияи интихобот талаб карда будем, ки ҳар кадом қонуншиканиро баррасӣ кунад. Эҳтимол, ба ҳамин хотир ин бор ба мо иҷозаи нозир буданро надоданд. Аммо ин қарори Комисия мухолифи Конститутсия аст", - гуфт Султонмурод қизӣ.

Дар Комисияи марказии интихобот гуфтанд, дар оинномаи "Клооп Медиа" зикр нашудааст, ки ин бунёд метавонад, ҳамчун нозир дар интихоботҳо ширкат кунад. Ба ҳамин далел, ба онҳо иҷозат дода нашуд, ки интихоботро назорат кунанд, гуфтанд дар Комисияи интихоботии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG