Ҳамакнун кормандони "Россия сегодня" вазифадор шудаанд, ки "Толибон"-ро "созмони таҳти таҳримҳои СММ барои фаъолиятҳои террористӣ" унвон кунанд.
Расонаҳо менависанд, дар сомонаи РИА Новости, ки ҳамчунин аз ҷумлаи расонаҳои "Россия сегодня" аст ва ичунин дар телевизиони Russia Today "Толибон"-ро "созмони таҳти таҳримҳои СММ барои фаъолиятҳои террористӣ" меноманд.
Расман "Толибон" шомили рӯйхати федеролии созмонҳоест, ки дар Русия террористӣ эълом шудаанд.
Ҳаракати тундгарои "Толибон" рӯзи 15 август пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобулро гирифтанд. Амалан тамоми Афғонистон таҳти назорати "Толибон" даромад.
Кишварҳои Ғарбӣ ҳукумати "Толибон"-ро эътироф накардаанд. Ҳукумати Русия низ онро расман эътироф накардааст, аммо мудовим бо намояндагони толибон мулоқот ва онҳоро ба Москва даъват мекунанд.