Дар ин бора сомонаи "Ак Жайик" шоми 8 ноябр хабар дод.
Хабарнигори сомона Фарҳод Абилов рӯзи 18 октябри соли 2021 хабар дода буд, ки муовини раиси вилояти Атирау дар доираи парвандаи "Азхудсозӣ ва ё исрофкории молу мулки ғайр" бозпурсӣ шудааст. Ин хабар боис шудааст, ки Кайрат Нурлибоев ба пулис шикоят барад.
Нурлибоев гуфтааст, дар хабар "эҳтимоли бегуноҳӣ" сарфи назар ва "шаъну шарафи иштирокчии парвандаи ҷиноӣ" паст зада шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аз ибтидои соли 2021 дар Қазоқистон 77 ҳолати монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорон, ҳафт ҳолати боздошти кормандони расонаҳо, 16 ҳолати ҳамла ба онҳо, ду ҳолати таъқиб ва 30 ҳолати таҳдид ба рӯзноманигорон сабт гардидааст.