Ссылки доступа

Президенти Узбекистон давоми ҳафта ба Туркия меравад - расонаҳо


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзҳои истироҳати охири ҳафта ба Туркия меравад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳанд.

Мирзиёев дар Туркия дар саммити навбатии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Истамбул ширкат мекунад.

Дар ин саммит ширкати президентҳои Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва сарвазири Венгрия низ дар назар аст.

Саммити мазкур ба масоили амният, сиёсат, иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва ҳамкориҳои иҷтимоии кишварҳои мазкур бахшида мешавад. Дар ин саммит унвони "Шӯро" ба "Созмон" табдил дода хоҳад шуд, менависад сомонаи Qalampir.uz.

XS
SM
MD
LG