Ссылки доступа

Чандин ҳазор муҳоҷир дар марзи Белорус бо Лаҳистон ҷамъ шудаанд


На границе
На границе

Вазъ дар марзи Лаҳистон ва Белорус, дар назди гузаргоҳи сарҳадии Бружӣ – Кужнитсаи ду кишвар, ки муҳоҷирон аз Ховари Миёна бо мақсади ворид шудан ба Аврупо ҷамъ шудаанд, муташанниҷ боқӣ мемонад.

Муҳоҷирон дар минтақаи бетараф, ки хаймаҳо насб шудаанд, қарор доранд. Ба гуфтаи марзбонони Лаҳистон, шаби гузашта ҳеч гуна кушиши вуруд ба он кишвар сурат нагирифтааст.

Сарвазири Лаҳистон Матеуш Мораветский ва вазири дифои он кишвар Мариуш Блашчак ба марз рафта, бо низомиён ва марзбонон мулоқот карданд. "Лаҳистон аз тавонмандии худ барои муҳофизати марзҳо ва ҳифзи истиқлол имтиҳон месупорад", - изҳор дошт Мораветский дар суҳбат бо низомиён.

Лаҳистон режими Александр Лукашенкоро ба он айбдор мекунанд, ки дар марз бо ин кишвар фитна барангехтааст. Мақомоти Белорус гӯиё муҳоҷиронро ба самти марзи Лаҳистон роҳнамоӣ карда, ҳатто дар убури марз ба онҳо кумак мекунанд.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус дар навбати худ гуфт, ки Минск дигар ба транзити муҳоҷирон ба Иттиҳодияи Аврупо дахолат нахоҳад кард, зеро ба гуфтаи ӯ, кишварҳои аврупоӣ алайҳи ин ҷумҳурӣ "ҷанги гибридӣ" роҳандозӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG