Ссылки доступа

Лавров: "Дар Қазоқистон бегонаситезӣ зидди русҳо ба мушоҳида мерасад"


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров матлаберо дар бораи муносибатҳои Москва ва Нурсултон дар "Российская газета" нашр ва ба мавҷудияти бегонаситезӣ зидди русзабонҳо дар Қазоқистон ишора кардааст.

"Таърихи навини Русия ва Қазоқистон пешрафти назаррасеро дар таҳкими ҷомеа ва ваҳдати байни миллатҳо ба намоиш мегузорад. Вале мутаассифона, мо вақтҳои ахир шоҳиди як қатор зуҳуроти бегонаситезӣ зидди шаҳрвандони русзабони Қазоқистон шудем", - изҳор доштааст вазири умури хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Лавров, ин ҳама маҳсули истифодаи усулҳои махсуси иттилоотӣ аз хориҷ мебошад, ки ба тарбияи миллатгароӣ ва беэътибор сохтани ҳамкориҳо бо Русия нигаронида шудааст.

Лавров гуфтааст, сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо Нурсултон имкон медиҳад, ки роҷеъ ба ҳар як ҳолати нигаронкунанда тадбирҳои муштарак андешида шавад.

Баҳси муносибатҳои байни миллатҳо ва вазъи русзабонҳо дар Қазоқистон вақтҳои ахир дар сатҳои гуногуни Русия фаъол шудааст. Расонаҳои Русия низ менависанд, ки ҳуқуқи русзабонҳо дар Қазоқистон "поймол" мешавад. Вале мақомоти қазоқ ин ҳамаро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG