Ссылки доступа

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои омузгорони туркман манъ шуд


Омӯзгорони донишгоҳҳои Туркманистон забонхат медиҳанд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо истифода нахоҳанд кард.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар додааст, ки мақомоти шаҳри Ишқобод имрӯзҳо аз омӯзгорони Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон дар мавриди истифода накарданашон аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Instagram" ва "Facebook" забонхат мегиранд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар донишгоҳҳои дигари Туркманистон низ аз омӯзгорон чунин забонхат гирифта мешавад.

Омӯзгорони туркман дар забонхат вазифадор карда мешаванд, ки ҳатто аз паёмакрасони "IMO" истифода накунанд. "Ба онҳо пешниҳод мешавад, ки аз почтаи электронӣ истифода кунанд", - афзуд ӯ.

Ба иттилои манбаъ, давоми чанд рӯзи ахир назорати шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркманистон сахттар ва дастрасӣ ба Интернет низ маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG