Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон буҳрони энергетикӣ дар кишварашро шарҳ дод


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Facebook" буҳрони энергетикии ба миён омада дар кишварашро шарҳ додааст.

Ҷабборов гуфтааст, бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯиё низоми энергетикии ин кишварро ӯ ба вазъи буҳронӣ расондааст. Вай афзудааст, ки давоми 10 соли ахир дар Қирғизистон ягон нерӯгоҳ бунёд карда нашудааст ва мақомоти қирғиз ин ҳама сол барқро дар зимистон аз ҳамсоякишварҳо мехариданд.

"Барқро 5-сомӣ мехариданд ва ба мардум 77-тийинӣ мефурӯхтанд. Албатта, нархи аслии барқ арзонтар буд, вале онҳо дар коғаз 5 сом менавиштанд. Маблағи боқӣ ба ҷайби "одамони калон" мерафт. Шояд онҳо маҳз ба хотири аз даст надодани ин даромад ва хушбахт зиндагӣ кардан нерӯгоҳ насохтанд? Онҳо ҳаминтариқ низоми энергетикиро муфлис карданд", - навиштааст Ҷабборов.

Президенти Қирғизистон иттилоъ додааст, ки мақомоти ин кишвар ҳоло нерӯи барқро ҳудуди 2 сом харидорӣ карда, бунёди неругоҳҳои хурду миёнаро оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG