Ссылки доступа

Дар Сингапур онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, пулакӣ табобат мешаванд


Очередь на вакцинацию в Сингапуре
Очередь на вакцинацию в Сингапуре

Ҳукумати Сингапур аз 8 ноябр харҷи табобати шаҳрвандонеро, ки зидди коронавирус эм нашудаанд, пардохт нахоҳад кард.

"Вазорати тандурустии Сингапур бояд харҷи табобати беморонеро ситонад, ки имкони зидди коронавирус эм шуданро доштанд, вале худдорӣ карданд", - гуфтааст вазири тандурустии Сингапур Онг Е Кунг.

Ин қарор ба кудакони то 12-сола ва шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои тиббӣ зидди коронавирус эм нашудаанд, дахл надорад.

Ба иттилои расонаи The Straits Times, дар Сингапур давоми як моҳи ахир бештари беморони калонсоле, ки ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол ёфтаанд, зидди коронавирус эм нашудаанд.

XS
SM
MD
LG