Ссылки доступа

Дар Узбекистон ёдгории истиқололро, ки бо $6 миллион сохта шуд, бозсозӣ мекунанд


Дар ноҳияи Кибрайии вилояти Тошканди Узбекистон ба бозсозии Ёдгории истиқлол шуруъ карданд, ки ду моҳи пеш аз он пардабардорӣ шуда буд.

Пештар аз ин расонаҳои узбекистонӣ хабар доданд, ки он ёдгорӣ бо харҷи наздики 6 миллион доллари ИМА сохта шудааст.

Дар аксҳое, ки расонаҳо нашр карданд, дида мешавад, чи гуна коргарон гӯшаҳое аз ёдгориро тахриб мекунанд.

Ёдгории истиқлолро бо баландии 60 метр ширкати туркии "Outdoor Factory – Acik Hava fabrikasi" сохтааст.

Муаллифи тарҳ Синан Тураман гуфт, ёдгорӣ бо "аҷала" сохта шуд ва ба ин далел ҳоло онро бозсозӣ мекунанд.

Боғи "Узбекистони Нав", ки Ёдгории истиқлол дар дохили он аст, дар остонаи 30-солагии истиқлоли Узбекистон кушода шуд.

Манобеъ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки бисёре аз қисмҳои ёдгориро бо мошинҳои боркаш ва ҳавопаймо аз Туркия ба Узбекистон овардаанд.

XS
SM
MD
LG