"Узбекистон тавонист, ки масъалаи ба роҳ мондани қатораи интиқоли маҳсулоти кишоварзиро ба Русия ҳал кунад. Мо мехоҳем, ки ба ин қатора ҳамроҳ шавем", - гуфт Ҷабборов.
Қатораи "Агроэксресс" аз Тошканд ба Москва миёнаҳои моҳи ноябр ба гардиш медарояд. Қазоқистон низ ба ин тарҳ шомил шудааст.
Дар ин бора Сардор Умурзақов, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон рӯзи 23 октябр хабар дода буд.
Ба гуфтаи вай, қатораи нахустин аз Узбекистон ба Русия мева ва сабзавот мебарад.
Вазир гуфт, ба тарҳи мазкур Қазоқистон ҳам шомил шудааст ва маҳсулоти кишоварзӣ нахусти ба Қазоқистон ва аз Қазоқистон ба Русия интиқол дода мешавад.
Умурзақов гуфт, чунин низом интилоқи фаврии маҳсулотро ба Русия таъмин мекунад.
Дар ҳоли ҳозир "Агроэксперсс" гандум, орд ва маҳсулоти равғаниро аз Москва ба Тошканд меорад.