Ссылки доступа

Ширкати Moderna бо мақомоти амрикоӣ даъво дорад


Институти миллии амрикоӣ дар бахши ҳифзи тандурустӣ ва ширкати дорусозии Moderna сари масъалаи сохтани воксини зидди COVID-19 даъво доранд.

Даъвони Институт бо ширкат сари ҳаққи муаллифӣ аст.

Натиҷаи баҳси ду ҷониб барои воксини Moderna сарнавиштсоз хоҳад буд, менависад нашрияи New York Times.

Moderna ҳамчун созандаи воксин аз чанд кормнадаш ном бурдааст. Институти ҳифзи тандурустӣ талаб дорад, се олими ин ниҳод ба ҳайси созандагони воксин зикр шаванд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони ширкати Moderna болои воксин кор кардаанд.

Баъди паҳн шудани коронавируси навъи нав дар охири соли 2019 ширкати Moderna дар якҷоягӣ бо Институти ҳифзи тандурустӣ дар садади сохтани воксин шуданд. Ҳукумати ИМА барои ин тарҳ наздики 1,5 миллиард доллар ҷудо кард ва ҳам бо қимати 8 миллиард доллар аз ширкат воксин харид.

Дар сурате, ки агар олимони Институти ҳифзи тандурустии ИМА ҳамчун ҳаммуаллифони воксин эътироф шаванд, истеҳсоли воксини Moderna дар кишварҳои дорои даромади кам ба роҳ монда ва бо қимати нисбатан арзонтар фурӯхта хоҳад шуд. Мунтақидон мегӯянд, Moderna аз фурӯши воксин то ин замон 35 миллиард доллар даромад дидааст ва аз фурӯши воксин ба кишварҳои дар ҳоли рушд бо қимати арзонтар худдорӣ меварзад.

XS
SM
MD
LG