Ссылки доступа

Дар Туркманистон талабот ба ранги мошинҳоро сахттар карданд


  
 

Дар Туркманистон талабот ба ранги мошинҳоро дубора сахттар карданд. Дар пойтахти он кишвар, шаҳри Ишқобод ду ҳафта аст, ки мошинҳои торикрангро ба таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ мебаранд.

Кормандони пулис аз ронандагон талаб доранд, ки ҳамаи ҷузъиёти нақлиёти худро ранги сафед кунанд.

Ба далели ҷамъ шудани мошинҳои зиёд дар Ишқобод таваққуфгоҳи ҷаримавии иловагӣ таъсис шудааст.

"Шикор"-и мошинҳои гуногунранг дар шаҳру ноҳияҳои дигари Туркманистон низ ба роҳ монда шудааст.

Мақомоти Туркманистон ҳанӯз моҳи декабри соли 2017 истифодаи мошинҳои торик ва тирарангро манъ карда буданд. Ронандагон мегӯянд, мақомот танҳо истифодаи се ранг: сафед, тилоранг ва нуқраиро барои истифода иҷозат додаанд.

XS
SM
MD
LG