Бино ба гузориши хабаргузории Reuters, раҳбари NASA Билл Нелсон гуфтааст, барои фуруд овардани кайҳоннавардон бар рӯи моҳтоб дар соли 2024 аз нигоҳи техникӣ наметавонанд омода шаванд. Пештар ин ҳадафро маъмурияти президенти вақти ИМА Доналд Трамп гузошта буд.
Ба гуфтаи Нелсон, Дар баробари фурдоии кайҳоннавардон ба рӯи моҳтоб иҷрои марҳалаҳои дигари барномаи "Артемида" ба таъхир гузошта шудааст. Аз ҷумла, давр задани моҳвораи замин тавассути киштии беэкипаж, ки қарор буд, соли 2021 анҷом шавад, ба соли 2022 ба таъхир гузошта шудааст. Парвози киштии "Orion" бо экипаж дар атрофи моҳтоб низ аз соли 2023 ба соли 2024 гузошта шудааст.
"Артемида" барномаи кайҳонии NASA барои фиристодани одамон ба моҳтоб буда, аз сӯи ҳукумати ИМА сармоягузорӣ мешавад. Дар ин барнома ширкатҳои хусусии амрикоӣ, Оҷонси кайҳоннавардии Аврупо, Ҷопон, Канада, Австралия, Бритониё, Итолиё, АМА, Люксембург ва Украина иштирок мекунанд.