Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон ба Туркия меравад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзҳои 11-12 ноябр сафари кориеро ба Туркия анҷом медиҳад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷабборов 12 ноябр дар саммити навбатии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар шаҳри Истамбули Туркия ширкат мекунад.

Ҳамчунин ӯ дар доираи ин сафар бо раҳбарони Туркия, Озарбойҷон, Узбекистон ва Маҷористон мулоқот хоҳад кард.

Президенти Қирғизистон моҳи июни соли равон низ ба Туркия сафар карда, бо президенти он кишвар Раҷаб Эрдуғон дидору гуфтугӯ карда буд.

Дар саммити навбатии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон ширкати президентҳои Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва сарвазири Маҷористон низ дар назар аст.

Саммити мазкур ба масоили амният, сиёсат, иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва ҳамкориҳои иҷтимоии кишварҳои мазкур бахшида мешавад. Дар ин саммит унвони "Шӯро" ба "Созмон" табдил дода хоҳад шуд, менависад сомонаи Qalampir.uz.

XS
SM
MD
LG