Ссылки доступа

Чину Қазоқистон дар якҷоягӣ барои неругоҳҳо маводи сӯхт истеҳсол мекунанд


Дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон рӯзи 10 ноябр корхонаи муштараки истеҳсоли маводи сӯхт барои неругоҳҳои атомӣ бо Чин кушода шуд.

Маҳсулоти ин корхонаро ширкатҳои чинӣ барои неругоҳҳои атомии худ харидорӣ мекунанд.

Ба иттилои расонаҳо, 51 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки истеҳсоли маводи сӯхт ба Қазоқистон ва 49 дарсади боқимонда ба ширкати чинии "China General Nuclear Power Corporation" рабт дорад.

Ширкати "Қазатомпром"-и Қазоқистон гуфт, таъсиси чунин корхона ба Қазоқистон имкон медиҳад, шомили кишварҳои истеҳсолкунанда ва содиркунандаи маводи сӯхт барои неругоҳҳои атомӣ шавад.

XS
SM
MD
LG