Ссылки доступа

Ректори донишгоҳи Ӯшро барои ҷалби донишҷӯён ба чорабинии ҳизбӣ аз кор ронданд


Kyrgyztsan, Osh, Osh State University rally, November 10

Як қатор мақомдорони Қирғизистон барои вайрон кардани қонун дар бораи маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар он кишвар аз мақом барканор шуда, чандин тани дигар танбеҳ гирифтаанд.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 9 ноябр хабар дод, ки ректори Донишгоҳи давлатии вилояти Ӯш Кудойбердӣ Кожобеков, декани факултети омӯзгории донишгоҳ Бакитбек Муродбоев ва се омӯзгори факултети мазкур барои нақзи қонунҳо ва иҷро накардани фармони президент аз кор ронда шуданд.

Ҳамчунин вазири маорифи Қирғизистон Болотбек Купешев ва шаҳрдори Ӯш алмос Мамбетов танбеҳ гирифтаанд.

Омӯзгорони факултети омӯзгории Донишгоҳи Ӯш ҳафтаи гузашта, донишҷӯёнро ба як чорабинии ҳизбӣ дар майдони марказии шаҳр бурда буданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯш ин қазияро таҳқиқ карда, гуфтанд, донишҷӯён ба раванди таблиғотии ҳизбӣ ҷалб шудаанд.

Дар Қирғизистон 28 ноябр интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар он кишвар 29 октябр оғоз шуданд.

XS
SM
MD
LG