Аҳмад Иброҳимов, иқтисодшинос аз шаҳри Тошканди Узбекистон гуфт, ба болоравии қурби доллар на танҳо омилҳои берунӣ, балки беқурбшавии асъори миллӣ низ таъсир расонидааст.
Кумитаи давлатии омори Узбекистон мегӯяд, дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ қимати маҳсулоти ғизоӣ 7,3% боло рафтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои ин ниҳод, дар ҳамин давраи соли гузашта маҳсулоти ғизои дар Узбекистон 17% гарон шуда буд.