Ссылки доступа

Дар Лондон эътирозҳои соли 2019 дар Эронро муҳокима мекунанд


Додгоҳи муҳофизат аз ҳуқуқи инсон дар Лондон рӯзи 11 ноябр ба шунидани шоҳидон, фаъолон ва дигар афроде шуруъ кард, ки нақши Теҳронро дар пахш кардани эътирозҳои моҳи ноябри соли 2019 нақл мекунанд.

Он сол дар натиҷаи пахш кардани эътирозҳо бештар аз 300 кас кушта шуда буд.

Додгоҳи байналхалқии мардумӣ то 14 ноябр давом мекунад ва комисия баҳо хоҳад дод, ки оё рафтори ҳукумати Эрон "ҷиноят зидди башарият буд" ё на. Гузориш дар ин бора дар ибтидои соли оянда нашр хоҳад шуд.

Ин додгоҳ, ки эътибори ҳуқуқӣ надорад, аз сӯи се созмони ҳомии ҳуқуқ: созмони лондонии "Адолат барои Эрон", созмони "Эрон ва Ҳуқуқи инсон", ки мақараш дар Осло аст ва созмони порисии "Дар якҷоягӣ зидди ҳукми қатл" ташкил шудааст. Ин созмонҳо мехоҳанд, Эронро барои кушторҳои соли 2019 ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.

Эътирозҳо дар Эрон 15 ноябри соли 2019, якбора дар чанд шаҳр шуруъ шуданд. Сабаби эътирозҳо боло рафтани қимати бензин ва маҳдуд шудани фурӯши он буд. Бисёре аз ширкатдорон зидди роҳбари олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманаӣ шиор доданд.

Он замон мақомоти Эрон нисбати эътирозгарон аз хушунат кор гирифтанд ва дастрасӣ ба интернетро чанд рӯз қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG