Ссылки доступа

Мақомоти Туркманистон маъракаи беобрӯсозии фаъолонро шуруъ кардаанд


Мақомоти Туркманистон маъракаи беобрӯсозии фаъолони туркманистониро рӯи даст гирифтаанд.

Мансабдорони он кишвар ҳамчунин аз сокинон даъват мекунанд, ки Радиои Озодиро гӯш накунанд. Ин маърака тақрибан дар ҳамаи ноҳияҳои вилояти Лебап идома дорад.

Ба иттилои расонаҳо, ин маъракаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони соҳаҳои буҷавӣ пеш мебаранд.

"Рӯзи 9 ноябр кормандони мақомоти қудратӣ сокинонро дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Фороб ҷамъ оварданд. Дар ҷамъомад акси фаъолони дар хориҷбуда Мурод Қурбонов, Дурсултон Таганов ва шаш тани дигарро нишон доданд. Ин афрод солҳои охир тариқи интернет аз ҳукумати Туркманистон интиқод мекунанд. Мақомот сокинонро огоҳ карданд, ки суханронии фаъолонро гӯш накунанд", - гуфт як иштирокчии аз ҷамъомади ноҳияи Фороб.

Мақомот ҳамчунин ҳушдор додаанд, ки зери наворҳои ин фаъолон сокинон "лайк" нагузоранд, дар ғайри сурат аз кор ронда мешаванд.

XS
SM
MD
LG