Ссылки доступа

Дар марзи Узбекистон бо Қирғизистон тирпарронӣ рух дод


Рӯзи 14 ноябр дар марзи Узбекистон бо Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт.

Марзбонони Қирғизистон дар минтақаи Тоза-Сууи ноҳияи Оқсойи ин кишвар гуруҳи қочоқбаронеро мушоҳида карданд, ки мехостанд, чорвойи майдаро ба Узбекистон гузаронанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, наздики 50 сокини деҳаи Оқ-Добои ноҳияи Оқсой талаби марзбононро сарфи назар карда, ба сӯи хати марз ҳаракат карданд.

"Бо ҳадафи пешгирӣ аз қочоқи чорво сарҳадбонон аз силоҳ истифода бурда, се тири ҳушдордиҳанда ба ҳаво холӣ карданд", - омадааст дар хабарномаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Марзбонон як сокини Қирғизистонро боздошт карданд, ки мехост, тариқи қочоқ чорворо бо мошинаш ба ҳудуди Узбекистон гузаронад.

Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ба ин монанд сарҳадбонони ду кишвар чораҷӯӣ хоҳанд кард, хабар доданд аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Фурӯши чорвои қирғизистонӣ дар Узбекистон замоне авҷ гирифт, ки Қазоқистон содироти онро ба хориҷ манъ кард. Моҳи январи соли 2020 мақомоти Қазоқистон гуфтанд, содироти чорво ба хориҷ боис шуд, ки дар дохили кишвар маҳсулоти гуштӣ гарон шавад.

Узбекистон бо Қирғизистон 1378 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин 15% ҳамоно аломатгузорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG