Ссылки доступа

Дар шаҳри Тошканд омӯзгор ва дӯстонашро барои дастдарозӣ ба хонандаи 14-сола зиндонӣ карданд


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон як омӯзгор ва дӯстони ӯро барои дастдарозӣ ба духтари 14-сола зиндонӣ карданд.

Дар ин бора Ирина Матвиенко, роҳбари тарҳи Nemolchi.uz хабар дод.

Ин ҳодиса баҳори соли ҷорӣ дар ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд рух дода буд. Он замон омӯзгор ва дӯстонаш аз духтари 14-сола талаб карда буданд, ки бо онҳо ҳамхоба шавад.

Ирина Матвиенко гуфт, омӯзгорро 4 сол ва дӯстони ӯро 2-солӣ аз озодӣ маҳрум карданд. Модари духтар талаб доранд, ки онҳоро бар асоси моддаи "Таҷовузи дастаҷамъӣ" муҳокима кунанд.

XS
SM
MD
LG