Ссылки доступа

Ҳалокати 4 муҳоҷири узбекистонӣ дар сӯхтори вилояти Москва


Дар натиҷаи сӯхторе дар яке аз сохтмонҳои ноҳияи Солнечногорскийи вилояти Москваи Русия чаҳор кас ҷон бохтааст.

Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, дар ин сӯхтор ду нафари дигар низ осеб дидаанд. "Сӯхтор наздикии соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ, оғоз шуда, соати 15:40 пурра хомуш карда шуд", - афзудааст манбаъ.

Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон хабар додааст, ки дар натиҷаи сӯхтори мазкур шаҳрвандони ин кишвар Ш. А., соли таваллудаш 1969, Э. У. (1998), Ш. К. (1987) ва А. Р. (1998) ба ҳалокат расидаанд.

"Вазъ таҳти назорат қарор дошта, барои интиқоли ҷасади ҳалокшудаҳо ба Узбекистон чораҳо андешида мешавад", - омадааст дар иттилоияи оҷонс.

XS
SM
MD
LG