Ссылки доступа

Қазоқистон эмкунии наврасону занони ҳомиларо пеш аз муҳлат оғоз кард (видео)


Мақомоти Қазоқистон эмкунии наврасон ва занони ҳомиларо зидди коронавируси нав пеш аз муҳлат оғоз карданд.

Қарор буд, эмкунии ин гуруҳи шаҳрвандони Қазоқистон 22 ноябри соли равон шуруъ карда шавад.

В Казахстане начали вакцинировать подростков и беременных женщин
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:56 0:00

Наврасон барои гирифтани ваксинаи зидди коронавирус ба марказҳои тиббӣ бо волидони худ мераванд. Зеро онҳо бояд баъзе ҳуҷҷатҳоро пур карда, ба суоли табибон посух диҳанд.

Танҳо дар як дармонгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ҳудуди 180 наврас, зани ҳомила ва ширдеҳ барои эм шудан худро сабтином кардаанд. Табибон мегӯянд, ин рақам хеле кам аст, вале умедворанд, шумори довталабони гирифтани ваксина бештар хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир танҳо дар Алмато наврасону занони ҳомиларо зидди коронавирус бо ваксинаи Pfizer эм мекунанд.

XS
SM
MD
LG