Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёев ба назди Путин меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи равон ба шаҳри Москва сафар ва бо ҳамтои русаш Владимир Путин дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

"Президенти Узбекистон барои гуфтугӯ бо Путин ба Москва меояд. Метавон инро руйдоди муҳим номид. Зеро ин нахустин сафари хориҷии Мирзиёев баъди пирӯзияш дар интихоботи президентии Узбекистон аст", - гуфта шуд дар барномаи "Москва. Кремл. Путин"-и телевизиони "Россия 1".

Интизор меравад, раҳбарони Узбекистон ва Русия дар ҷараёни ин сафар зери ҳудуди 30 санад имзо гузоранд.

Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 11-12 ноябри соли равон ба хотири иштирок дар саммити Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон ба шаҳри Истамбули Туркия сафар карда буд. Ин нахустин сафари хориҷии Мирзиёев баъди пирӯзияш дар интихоботи президенти Узбекистон буд, ки бо касби 80,1 дарсади овозҳо баранда эълом шуд.

XS
SM
MD
LG