Ссылки доступа

"Северэлектро" барқи 4,6 ҳазор сокини Бишкекро хомуш мекунад


Ширкати "Северэлектро"-и Қирғизистон ҳушдор дод, ки аз 16 ноябри соли равон интиқоли нерӯи барқро ба 4600 муштарии қарздор дар шаҳри Бишкек қатъ мекунад.

"Ҳаҷми умумии қарзи ин муштариён аз пули барқ 12,1 миллион сомро ташкил медиҳад", - изҳор дошт сухангӯи ширкат Мээрим Юсупова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Ин дувумин ҳушдори ширкати "Северэлектро" дар моҳи ноябр аст. Он ибтидои моҳи равон барқи 6 ҳазор муштариро хомуш карда буд.

Қирғизистон зимистони имсоларо бо буҳрони энергетикӣ пешвоз мегирад.

XS
SM
MD
LG