Ссылки доступа

Узбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифи Афғонистонро бозсозӣ мекунад


Гуруҳе аз мутаххасисон аз Узбекистон барои бозсозии фурудгоҳи "Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" дар вилояти Балхи Афғонистон рафтанд.

Дар ин бора Исматулло Иргашев, намояндаи вижаи президенти Узбекистон дар умури Афғонистон хабар дод.

Иргашев гуфт, гуруҳи иборат аз 30 мутахассис ба ноҳияи Мазори Шариф рафтаанд. Вай афзуд, Узбекистон талош дорад, Афғонистонро дар ҳамаи умур, ба хусус дар умури зерсохторӣ кӯмак расонад.

Ба иттилои волии Балх Қудратулло Абуҳамза, ҳайати Узбекистон ҳамчунин таъмири роҳҳои оҳан ва низоми барқрасониро баррасӣ кардаанд. Волии Балх гуфт, Афғонистон баъди барқарорсозии низоми бонкӣ қарзи барқи Тошкандро мепардозад ва вай аз Узбекистон даъват кард, интиқоли барқро ба Афғонистон қатъ насозад.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири авиатсия ва нақлиёти ҳукумати "Толибон" Ҳасибулло Суруш гуфт, бо ҷониби Узбекистон созиш ҳосил шуд, ки мутахассисони узбекистонӣ фурудгоҳи Мазори Шарифро ба кор медароранд ва 83 корманди фурудгоҳро барои омӯзиш ба Узбекистон мебаранд.

XS
SM
MD
LG