Ссылки доступа

Қазоқистону Узбекистон дар Сурхандарё размоиш барпо мекунанд


Размоишҳои Узбекистону Қазоқистон дар ҳарбмайдони "Термиз" аз 17 то 24 ноябр идома мекунанд. Дар ин бора аз вазорати мудофиаи Қазоқистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи ин размоишҳо - ҳамоҳангсозии рафторҳои неруҳои ду кишвар ҳангоми анҷоми амалиёти муштарак унвон шудааст.

Аз ҷониби Қазоқистон дар ин размоишҳо бештар аз 100 низомӣ, чанд ҳавопаймои ҷангӣ, ҳавопаймоҳои нақлиётбар ва дигар дастгоҳҳои низомӣ иштирок мекунад.

Пештар аз ин размоишҳои муштараки Қазоқистон бо Узбекистон дар ҳарбмайдони "Матибулак"-и вилояти Ҷамбули Қазоқистон баргузор шуда буданд.

XS
SM
MD
LG