Ссылки доступа

Додгоҳ се пулиси русро, ки дар таҷовузи шаҳрванди Қазоқистон айбдор мешуданд, бегуноҳ хонд


Додгоҳе дар Екатеринбурги Русия се корманди пулиси пешинро, ки дар таҷовузи як боздоштшуда дар дохили мошини хидматӣ айбдор мешуданд, бегуноҳ эълом кард.

Бино ба иттилои додгоҳ, дар "кирдори кормандони Вазорати умури дохилии Русия нишонаҳои ҷиноят ошкор карда нашудааст".

Бар пояи фарзияи муфаттишон, кормандони пулис Вадим Мустафин, Андрей Бессарабов ва Вячеслав Тропин моҳи августи соли 2019 шаҳрванди 22-солаи Қазоқистонро боздошт карда, дар дохили мошини хидматии "УАЗ" таҷовуз кардаанд. Ҷабрдида гуфтааст, гумонбарон ӯро таҳдид карданд, ки ба шуъба бурда, гуруҳӣ таҷовуз мекунанд.

Дертар Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки маъмурони пулис дар натиҷаи як санҷиш се сардори пулис барканор шуда ва 14 тани дигар ҷазои интизомӣ гирифтанд.

Додгоҳи Екатеринбург моҳи июни соли гузашта Мустафинро 6,5 сол зиндонӣ ва Тропину Бессарабовро шашмоҳӣ аз озодӣ маҳрум кард. Вале додгоҳи вилояти Свердлов моҳи декабри соли 2020 ин ҳукмро бекор карда, парвандаро барои баррасии дубора фиристод.

XS
SM
MD
LG