Ссылки доступа

Эътирози ҷонибдорони ҳамкори боздоштшудаи Радиои Озодӣ дар Амрико


Ҷонибдорони ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Владислав Есипенко, ки дар нимҷазираи ишғолии Қрим дастгир шудааст, дар назди консулгарии Русия дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Ин ҳамоиши эътирозиро таҳти унвони "Курсии холӣ" гуруҳи PEN America дар ҳамкорӣ бо ҳомиёни ҳуқуқи амрикоӣ ва украинӣ дар доираи Рӯзи байналмилалии "Нависанда дар зиндон" баргузор кардааст.

Эътирозгарон аз суханони раиси Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорони Амрико Энн Купер​ иқтибос оварда гуфтанд, ин ҳамоиши эътирозӣ ба мақомоти Русия гушзаде аст, ки онҳо наметавонанд садои рӯзноманигорони мустақилро "хомуш созанд".

Есипенко бо бахши украинии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ ва дар тарҳи радио бо номи "Қрим. Воқеият" кор мекард. Ӯ шаҳрвандии Русия ва Украинаро дорад. Рӯзи 16 март дар Шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ гуфтанд, ки Есипенко 10 март барои ҷамъоварии иттилоъ ба "нафъи хадамоти махсуси Украина" дастгир шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи Украина бо нашри як изҳороти муштарак аз мақомоти Русия талаб кардаанд, ки Есипенкоро озод кунанд. Ҳамчунин аз Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки ба Русия фишор оранд, то рӯзноманигорро раҳо кунад.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай боздошти Есипенкоро маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG