Ссылки доступа

Рустам Иноятов аз мақоми мушовирии президенти Узбекистон барканор шуд


Рустам Иноятов аз мақоми мушовири давлатии президенти Узбекистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ барканор шудааст.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов 15 ноябр хабар дод, ки Бахтиёр Исломов ба ҷои Иноятов мушовири раисҷумҳури он кишвар оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ таъйин шуд.

Иноятови 76-сола тақрибан 27 сол, аз 27 июни соли 1995 то 31 январи 2018 Хадамоти амнияти миллии Узбекистонро раҳбарӣ мекард.​

Иноятов моҳи августи соли 2018 баъди барканорияш аз мақоми раиси Хадамоти амнияти Узбекистон билофосила мушовири давлатии президенти он кишвар таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG