Ссылки доступа

Узбекистон ва ИА маркази кумак ба Афғонистонро таъсис доданианд


Узбекистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) мехоҳанд, дар шаҳри Тирмизи он кишвар "ҳаб" ё маркази кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро таъсис диҳанд.

Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Узбекистон иттилоъ додааст. Намояндаи махсуси президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Эргашев ва намояндаи ИА Томас Никлассон 15 октябр дар шаҳри Брюссел масоили марбут ба Афғонистонро баррасӣ карданд.

"Никлассон ба мусоидати Узбекистон дар масъалаи берунории шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ аз Афғонистон баҳои баланд дода, алоқамандии иттиҳодро барои ҳамкориҳои минбаъда бо кишвари мо дар бораи таъмини сулҳу субот дар Афғонистон баён кард", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Пештар хабар дода шуд, ки СММ тасмим гирифтааст, кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон тавассути Узбекистон расонад.

XS
SM
MD
LG