Ссылки доступа

Ҳамёнҳои электронии қирғизистониҳо дар давраи интихобот назорат мешавад


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) гуфтааст, эҳтимоли "овозфурӯшӣ"-и раъйдиҳандагон тавассути ҳамёнҳои электронӣ ва терминалҳои пардохт, аз ҷумла пардохтҳо аз манбаъҳои хориҷӣ сахт назорат хоҳад шуд.

Рӯзи 15 ноябр дар як ҷаласаи комиссия тасмим гирифта шудааст, ки КМИР, Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷорӣ ва ниҳодҳои дигари дахлдори Қирғизистон пардохтҳои бонкӣ, пардохтҳо тавассути барномаҳои бонкӣ ва ширкатҳои мобилиро дар давраи интихобот назорат кунанд.

Ин ниҳодҳо пардохтҳои сокинонро бештар дар давоми ду ҳафтаи то интихобот ва чандин рӯзи баъди интихобот назорат мекунанд.

КМИР Қирғизистон афзуда, ки истифодаи пулҳои бунёдҳои ғайриинтихоботӣ ҷиноят шумурда шуда, ба ихроҷи номзадҳо аз рӯйхат сабаб мешавад. Ҳамчунин ҷарима ба маблағи то 260 ҳазор сом ва то 2,5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар Қирғизистон 28 ноябри соли равон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Порлумони нави ин кишвар 90 курсӣ дошта, барои онҳо беш аз 300 номзад вориди рақобат хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG