Ссылки доступа

Сокинони Алмато дубора бахшидани қарзҳояшонро талаб карданд (видео)


Як гуруҳ аз сокинони шаҳри Алматои Қазоқистон ба раҳбарии раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии ин кишвар Ҷонболат Мамай 15 ноябр дар назди бинои Оҷонси танзим ва рушди бозори молиявӣ ҷамъ шуданд.

Таҷаммуъгарон -- ҳудуди сад нафар аз бадшавии вазъи молии худ шикоят карда, хостаанд, ҳукумати Қазоқистон қарзҳои бонкии онҳоро бахшад ё ҳаҷми пардохтҳои қарзиро камтар кунанд.

"Ман аз се бонк қарздор ҳастам. Ҳар моҳ беш аз 260 доллари амрикоӣ бояд пардохт кунам. Маоши ман ба ин намерасад. Барои баланд нашудани фоиз аз як ташкилоти қарзӣ боз пул гирифтам. Дигар манбаи даромад надорам", - гуфт яке аз эътирозгарон.

Ҷамъшудаҳо бо сардори Департаменти ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолкунандагони хидматрасониҳои молии Оҷонси танзим ва рушди бозори молии Қазоқистон Александр Терентев вохӯрданд. Ӯ гуфт, департамент шикояти эътирозгаронро баррасӣ мекунад.

"Қарзро бояд баргардонд. Вазифаи мо тартиби ҷадвали пардохт бо назардошти вазъи молии қарздорон аст", - афзуд ӯ.

Мамай дар охир гуфт, оҷонси мазкур барои баррасии шикояти эътирозгарон ду ҳафта вақт дорад. Дар сурати ғайр онҳо дубора дар назди бинои оҷонс даст ба тазоҳурот мекунанд.

XS
SM
MD
LG