Ссылки доступа

Пас аз 11 моҳи таҳқиқ парвандаи Абдусалом Одиназода дар Австралия "сангинтар" шудааст


Абдусалом Одиназода
Абдусалом Одиназода

Абдусалом Одиназода, донишманди боздоштшудаи тоҷикро дар Австралия ба 14 ҷинояти дигари вобаста ба терроризм гумонбар донистаанд, вале мавқеи ӯ ва вакили мудофеаш дастрас нест.

Пажӯҳишгари пешини Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ (UWA) моҳи декабри соли гузашта дастгир шуд ва аз он замон то кунун наздиконаш низ дар бораи қазияи ӯ суҳбат накардаанд.

Хабаргузории West Australian моҳи октябри имсол навиштааст, иттиҳомҳои навро ба парвандаи Одиназодаи 53-сола илова карданд. Маълум нест, ки таҳқиқ бо ҳамин поён ёфтааст ё не. Пештар ӯ бар асоси чаҳор модда, аз ҷумла тарғибу ташвиқи терроризм дар Австралия муттаҳам мешуд.

Абдусалом Одиназодаро моҳи декабри соли гузашта бо гумони нашри матолиби ифротгароёна дар Интернет дар Австралия дастгир карданд. Он замон намояндагони пулиси Австралия гуфта буданд, ки пас аз он ки донишманди тоҷик дар Интернет видеои даъват ба хушунатро гузошт, таҳқиқро дар бораи ӯ шуруъ карданд.

Се сол пеш мақомоти Тоҷикистон низ Абдусалом Одиназодаро ба "даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат" ва "даъват ба ифротгароӣ тавассути Интернет" муттаҳам карда буданд. Аммо дар чанд мавриде, ки Одиназода аз раҳбарони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ танқид кард, саҳифаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон наворҳои ӯро бознашр ва аз худи ӯ ситоиш намуданд.

Одиназода 18 сол боз дар Австралия аст. Ӯ соли 2015 эълон кард, ки "ғарибӣ ба дилаш задааст" ва барои кору зиндагӣ ба Тоҷикистон баргашт. Як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори кимиё корд кард, аммо моҳи майи соли 2016 дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, бо далели нодуруст будани ҳуҷҷатҳо ӯро аз Тоҷикистон берун карданд.

Дар аввал баҳсҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар атрофи забони форсӣ ва ҳувияти тоҷикӣ буд, аммо баъди он ки Тоҷикистонро тарк кард, ақидатан тағйир намуд ва дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои диниро ба роҳ монд. Аз ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба таври ошкоро пуштибонӣ карда, дар саҳифааш навори ин гурӯҳи тундравро низ бознашр мекард.

Ӯ зодаи деҳаи Сурхи шаҳри Исфара аст. Худаш гуфта буд, ки аз 16-солагӣ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷ аз кишвар таҳсилу кор кардааст ва ҳеч гоҳ шаҳрвандии кишварро надошт.

Ду фарзанд - як духтар ва як писар дорад. Одиназода дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки фарзандонаш бо ӯ ҳамфикр нестанд ва зиндагии комилан дигар доранд.

XS
SM
MD
LG