Ссылки доступа

Доираи хешовандонеро дар Узбекистон васеъ мегардонанд, ки фаъолияти якҷояашон манъ мешавад


Оҷонси мубориза бо фасодкорӣ дар Узбекистон тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки тағйирот ба моддаи "Маҳдудияти фаъолияти муштараки хешовандон дар муассисаҳои давлатӣ"-и Кодекси меҳнатро пешбинӣ мекунад.

Ҳоло моддаи мазкури Кодекси меҳнат дар Узбекистон фаъолияти муштараки хешовандони наздик - волидон, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамсарон, инчунин волидонро дар як идораи давлатӣ - дар сурати ҳисоботдиҳанда будан ба якдигар - манъ мекунад.

Акнун Оҷонси мубориза бо фасодкорӣ мехоҳад, ба Кодекси меҳнат тағйирот ворид ва ба доираи хешовандон бобову бобокалон, бибиву бибикалон, набераву абераҳоро ҳам шомил гардонид, ки наметавонанд дар як идораи давлатӣ - дар сурати ҳисоботдиҳанда будан ба якдигар - муштаракан фаъолият кунанд.

Дар сурати пинҳон кардани хешовандӣ коргарон барои фаъолияти якҷоя аз 375 то 500 доллари ИМА ва корфармо аз 600 то 750 доллар ҷарима баста мешавад.

XS
SM
MD
LG