Ссылки доступа

Дар Бишкек дар нуқтаҳои махсус ангишти арзон мефурӯшанд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишт бо нархи нисбатан арзон - наздики 35 доллар барои ҳар тона - кушода мешавад. Дар ин бора ширкати "Қирғизкумур" иттилоъ дод.

Қарори мазкур дар пайи сар задани навбатпойии тӯлонӣ дар нуқтаи асосии фурӯши ангишт дар Қирғизистон қабул шудааст.

"Бо назардошти талаботи шадиди аҳолӣ ба ангишт, масъалаи ташкили нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишт бо нархи нисбатан арзон дар ҳоли баррасӣ аст", - хабар дод "Қирғизкумур".

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 15 ноябр дар мулоқот бо сокинони шаҳри Бишкек гуфт, фурӯши ангишти кони Кара-Кече бо қимати 35 доллар барои ҳар тона шуруъ хоҳад шуд.

Дар Қирғизистон бо оғози сардиҳо ҳарҷу марҷ дар бозори фурӯши ангишт низ шуруъ мешавад. Кумитаи омори Қирғизистон гуфт, дар моҳи октябри соли ҷорӣ нисбати октябри соли гузашта ангишт 19,7 дарсад гарон шудааст.

Қимати миёнаи ангишт дар фурӯши озод дар Қирғизистон 5 ҳазор сомро барои як тона ташкил медиҳад. Дар бархе аз ноҳияҳои он кишвар як тона ангишт то ба 9 ҳазор сом расидааст.

XS
SM
MD
LG